расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БОЗ ЯК ДИЛ АЗ ТАПИДАН МОНД АБДУЛҲАФИЗ АЗИЗОВ,КИМИЁДОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ДАР 70-СОЛАГӢ ДАРГУЗАШТ.

. / Ҳаводис

БОЗ ЯК ДИЛ АЗ ТАПИДАН МОНД АБДУЛҲАФИЗ АЗИЗОВ,КИМИЁДОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ДАР 70-СОЛАГӢ ДАРГУЗАШТ.


Абдулҳафиз Азизов

Абдулҳафиз Азизов, кимиёдони шинохта ва муассиси литсейи рақами 1-и шаҳри Исфара, дар 70-солагӣ даргузашт. Масрурбек Азизов, писари Абдулҳафиз Азизов, рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз бемории қанд ранҷ мебурд ва “бинобар боло рафтани қанд субҳи имрӯз аз дунё даргузаштанд”. Масрурбек Азизов афзуд, маросими видоъ ва намози ҷанозаи Азизов дар зодгоҳаш, деҳаи Сурхи Исфара, доир мешавад. Абдулҳафиз Азизов омӯзгор ва кимиёдони тоҷик аз муассисони литсейи рақами 1-и шаҳри Исфара аст. Дар ин литсей даҳҳо толибилмоне ба камол расидаанд, ки дар озмун ва олимпиадаҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷойҳои аввалро касб кардаанд. Тайи солҳои тӯлонии фаъолияти омӯзгорӣ, Азизов ба унвонҳои Корманди шоистаи Тоҷикистон, муаллими соли 1992 ва Аълочии маориф сарфароз шудааст. Шогирдон ва ҳампешагон даргузашти Азизовро талафоти бузурге ба илм ва кори таълиму тарбия дар Тоҷикистон медонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.