расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Пулиси Душанбе 51 ронандаро боздошт кардааст

. / Ҳаводис

Пулиси Душанбе 51 ронандаро боздошт кардааст

Сурат: РВКД дар Душанбе
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 51 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркашониро барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе  чиҳати риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ нисбат ба 51 ронандаи автомашинаҳои боркашонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардиданд.
Илова бар ин ба роҳбарони 7 иншооти сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна низ аз ҷониби кормандони БДА барои бартараф намудани камбудиҳо амрномаҳо супорида шудуааст.
Аз ҷумла ба роҳбари бинои баландошёна ҶДММ «Каюмарс – Сохтмон» барои эҷод намудани монеа сунъӣ, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт,  ҶДММ «Муҳаммадҷон 1997», барои ташкил накардани нуқтаи шустушӯи салачархҳои воситаҳои нақлиёти боркаш, ҶДММ «Масъуд 2010» барои ба вуҷуд овардани монеъаи сунъӣ дар қисми мошингарди роҳ ва нагузоштани аломати роҳ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, ҶДММ «Баҳор 97» барои худсарона маҳкам кардани роҳи пиёдагузар тавассути панҷараҳои оҳанин ва ташкил накардани нуқтаи шустушуи воситаҳои нақлиёт.
Инчунин ба роҳбарони бинои ҶДММ «Бухоро палас» барои бе иҷозати мақомоти дахлдор худсарона ташкил намудани даромадгоҳ барои воситаҳои нақлиётӣ ва ба роҳбари ҶДММ «Акбар-текстил», бе иҷозати мақомотҳои дахлдор маҳкам кардани таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва корношоям гардонидани роҳи пиёдагард дар назди даромадгоҳи сохтмони бинои баландошёна, ба ҳамаи ширкатҳои номбаршуда ҷиҳати ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида амрномаҳои БДА супорида шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.