расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд

. / Ҳаводис

Сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд

Аз 8 октябр онҳо ба реҷаи ҳузури доимӣ дар ҷойи кор қарор мегиранд.

Сурат: Asia-Plus
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон то анҷоми маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвар ба реҷаи пурӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аз 8 октябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ пурра ба реҷаи ҳузури доимӣ дар ҷойи кор қарор мегиранд.
Реҷаи пурзӯри адои хизмат дар робита ба баргузории интихоботи президентӣ, ки рӯзи 11 октябр таъин шудааст, ҷорӣ шуд.
Дар давраи баргузории интихобот ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбонҳои тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ зери назорат ва посбонӣ гирифта мешаванд.
Ҳудуди 4 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ, ки рӯзи интихобот дарҳои худро боз мекунанд, таҳти назорат ва ҳимояти шабонарӯзӣ қарор мегиранд.
Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи баргузории интихобот комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.