расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БОЗ ЯК ТАБИБИ ТОҶИК ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУД: ДАРГУЗАШТИ ОСЕБШИНОС ИЛҲОМ ЭШОНОВ

. / Ҳаводис

БОЗ ЯК ТАБИБИ ТОҶИК ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУД: ДАРГУЗАШТИ ОСЕБШИНОС ИЛҲОМ ЭШОНОВ

Илҳом Эшонов, табиби осебшиноси тоҷик, рӯзи 4 октябр дар бемористони "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар синни 54 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Илҳом Эшонов ба иллати коронавирус вафот кард ва ӯро алакай ба хок супурдаанд. Илҳом Эшонов дар дармонгоҳи

"Мадади Акбар” кор мекард.
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, дар моҳҳои охир тақрибан 80 нафар аз табибони тоҷик ба иллати коронавирус ва "илтиҳоби шуш” ҷон супурдаанд. Аммо вазорати тандурустӣ ин арқомро рад мекунад.

Бино ба иттилои расмии ин вазорат, дар як шабонарӯзи гузашта дар кишвар 40 мавриди нави сироят ба коронавирус ва як ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Ҷамъи умумии беморон дар кишвар то бегоҳи 4 октябр ба 9935 нафар расида, аз ин шумор то имрӯз 78 нафар ҷон бохта ва 8749 нафар ё 88 % аз ҷамъи гирифторон шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 63 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ дар мавриди коронавирус чандон эътимод надоранд ва бар инанд, ки шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни ин вирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки ин вазорат ҳар рӯз нашр мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.