расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ МУКАРРАМА ҚОСИМОВА – ЗАБОНШИНОСИ МАЪРУФИ ТОҶИК

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ МУКАРРАМА ҚОСИМОВА – ЗАБОНШИНОСИ МАЪРУФИ ТОҶИК

Мукаррама Қосимова, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, яке аз маъруфтарин аз забоншиносони тоҷик, рӯзи 2 октябр дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи донишманди шинохтаро дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
укаррама Қосимова барҳақ яке аз тавонотарин донишмандон дар илми забоншиносии тоҷик ба шумор мерафт. Ӯ муаллифи асарҳое, чун "Матни классикӣ”, "Таърихизабони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х)», «Забон ва мӯъҷизаи он», «Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он», «Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ» ва даҳҳо асари дигари мондагор буд.
Шокирҷон Ҳакимов навиштааст, ки танҳо монеагузориҳои сунъӣ боис шуд, ки Мукаррама Қосимова соҳиби унвони академик нашавад: "Олими тавоно, муҳаққиқи сермаҳсул, рӯшанфикреки таҳти раҳбарию мушовирии ӯ тақрибан 50 нафар рисолаҳои номзадию докториро дифоъ кардаандАммо маҳалгароёну олимони хасакӣ ва беистеъдодҳо ҷиҳати узви пайвастаи АИ ҶТ шуданашон монеъаҳои сунъӣ эҷод карданд.
Мукаррама Қосимова (Қосимова Мукаррама Набиевна; 16 январи1933Конибодомвилояти ЛенинободҶШС Тоҷикистон— 2 октябри2020,Душанбе,Тоҷикистон)—забоншиноси тоҷик, доктори илми филология (1982), профессор (1984), узви вобастаиАкадемияи илмҳои ҶТ(1997), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1991), Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996).
Зиндагинома
Мукаррама Қосимова 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодом дар хонаводаи яке аз поягузорони рӯзноманигории тоҷик Нaбӣ Фахрӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дар аспирантура (1955—1959) таҳсил кардааст.
Фаъолияти корӣ
Солҳои 1956—1986 ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Солҳои 1966—1968 ва 1974—1977 декани факултети филологияи ДМТ. Солҳои 1971—1973 дар вазифаи ходими калони илмӣ буд. Солҳои 1986—1995 мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ ва солҳои 1995—2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Мукаррама Қосимова аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДМТ то соли 2012 ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 профессор, мушовири илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ буд.
Бо ибтикори Мукаррама Қосимова Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба уҳда дошт.
Ҳамакнун ӯ узви Комиссияи аттестатсионии назди Ҳукумати Тоҷикистон аст. Мукаррама Қосимова дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кӯшиши зиёде ба харҷ додааст.
Фаъолияти илмӣ
Соли 1962 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи «Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик» ҳимоя намуд. Соли 1982 рисолаи докториро дифоъ кардааст.
Зери роҳбарии Мукаррама Қосимова 42 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд. Мукаррама Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда, ба қалами ӯ беш аз 190 номгӯйи асар ва интишороти илмӣ тааллуқ дорад.
Даргузашт
Мукаррама Қосимова 2 октябри соли 2020 дар синни 87 солагӣ дар манзили зисташ дар Душанбе даргузашт.
Осор
·Матни классикӣ /Васоити таълимӣ.— Душанбе, 1969; 1976; 1989; 2000; 2010;
·Маҷмуаи машқҳо аз забони тоҷикӣ /Дастур барои муаллимони мактабҳои миёна.— Душанбе, 1971;
·Хрестоматия оид ба матни классикӣ.— Душанбе, 1974;
·Практикум аз забони ҳозираи тоҷик/Морфология ва синтаксис: Васоити таълим барои донишҷӯёни факултети филологияи мактабҳои олӣ.— Душанбе, Маориф, 1976;
·Маҷмуаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов).— Душанбе, 1976;
·Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои соддаи насри асри Х1 (Дар асоси материали «Сиёсатнома», «Қобуснома», «Сафарнома»).— Душанбе: Ирфон, 1976.— 216 с.
·Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби забони тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Б. Камолиддинов).— Душанбе, 1981;
·Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова).— Душанбе, 2001;·Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова, С. Собирҷонов, С. Ҳошимов, Т. Шокиров, А. Ҳасанов).— Душанбе, 2002;
·Краткий русско-таджикский тематический учебный словарь (бо ҳаммуаллифии Д. Искандарова).- Душанбе, 2002;
·Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ).— Душанбе, 2002;
·Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ.— Душанбе, 2002;
·Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик.— Душанбе, 2002;
·Об дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.— Душанбе, 2003;
·Забон ва муъҷизаи он.— Душанбе, 2004;
·Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд. Нашри дуюм.— Душанбе, 2005;
·Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ (маълумоти мухтасар).— Душанбе, 2007;
·Чор унсур: Маъниофаринӣ, калимасозӣ (дар асоси маводи «Маснавии маънавӣ»).— Душанбе: Деваштич, 2007.— 256 с.,
·Вожаи бад: маъно, калимасозӣ, вазифаҳои грамматикӣ (дар асоси осори асрҳои 1Х- Х).— Душанбе: Сино, 2011.— 92 с.,
·Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои 1Х-Х). Ҷ.1.— Душанбе, 2012.
Ҷоизаҳо
·Дорандаи нишони «Мактаби олии СССР. Барои муваффақиятҳои шоиста дар фаъолияти меҳнатӣ»,
·Медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
·Медали «Ветерани меҳнат»,
·Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996),
·Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.