расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани дуздии чорво аз дохили оғилхона

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани дуздии чорво аз дохили оғилхона

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 6-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 48 ва 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.