ДАРГУЗАШТИ БАРОДАРИ КАЛОНИИ ҲОҶӢ МИРЗО

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов яке аз маъруфтарин воизони тоҷик аст, ки бо мавъизаҳои пурбораш дар масоили фиқҳиву шаръӣ ном баровардааст. Ҳоҷӣ Мирзо то соли 2012 имомхатиби масҷиди ҷомеи "Ҳилоли Аҳмар” дар шаҳри Кӯлоб буд ва ин масҷид ба далели маҳорати имомаш дар он даврон ҳар намози ҷумъа то 5 ҳазор намозгузорро аз шаҳри Кӯлобу минтақаи Кӯлоб ва ҳатто аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистону берун аз он гирд меовард. Вале баъди аз мақоми имоматии ин масҷид барканори шудани Ҳоҷӣ Мирзо масҷиди "Ҳилоли Аҳмар” дигар маъруфияти қаблиашро аз даст дод ва саффи намозгузоронаш низ асосан бо сокинони маҳаллаи атрофи он маҳдуд шуд.