расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ҷавондухтари 20-сола барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

. / Ҳаводис

Боздошти ҷавондухтари 20-сола барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.