расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкурро 4 моҳ барои ороиши бино киро намуда, маблағи пулӣ дар ҳаҷми 320 ҳазор рубли русӣ маошашро пардохт накардааст.
Инчунин номбурда аз соли 2017 то соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳияро барои ороиши бино истифода бурда, дар ҳаҷми 340 ҳазор рубли русӣ маошашро пардохт накардааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.