Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 12-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 15:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанаш «Шомаҳмад» ва «Акбар» ном шахсон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри-2» ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс»-ро ба маблағи 175 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро бар нагардонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 45 ва 36-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.