расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ МУОВИНИ САРДОРИ РВКД ХАТЛОН, МУОВИНИ СОБИҚИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА РАИСИ ДАСТГОҲИ ШАҲРДОРИИ КОНИБОДОМ

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ МУОВИНИ САРДОРИ РВКД ХАТЛОН, МУОВИНИ СОБИҚИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА РАИСИ ДАСТГОҲИ ШАҲРДОРИИ КОНИБОДОМ

Муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон полковник Шамсулло Абдуллозода рӯзи 29 сентябр аз бемории коронавирус дар бемористони "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе вафот кардааст. Дар ин бора наздикони марҳум хабар доданд. Шамсулло Абдуллозода бародари Исмат Абдуллозода, мудири кулли фурудгоҳи Душанбе аст. Дар поёни моҳи август худи Исмат Абдуллозода низ бо аломатҳои коронавирус дар "Истиқлол” бистарӣ шуда буд. Як ҳафта қабл як хоҳари Абдуллозодаҳо низ аз коронавирус вафот карда буд.
Шаҳрдории Конибодом хабар дод, ки рӯзи 28 сентябр қалби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Чалилӣ Абдувоҳид Карим аз задан бозмонд. Ӯ ҳамагӣ 42 сол дошт ва аз соли 2015 роҳбари дастгоҳи шаҳрдории Конибодом буд. Дар бораи иллати марги Ҷалилӣ чизе гуфта нашудааст, вале сомонаи Пресс.Тҷ бо такя ба манбааш гуфт, ки Ҷалилӣ аз коронавирус ҷон бохтааст.  Аз ӯ 4 фарзанд боқӣ монд.
Рӯзи 29 сентябр Аҳмадҷон Қобилов, собиқ муовини раиси вилояти Суғд (дар даврони Қоҳир Расулзода ва Абдураҳмон Қодирӣ) ва вакили собиқи парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи Спитамен дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги ӯ чизе гуфта нашудааст. Хабари марги Аҳмадҷон Қобиловро Наимҷон Бобоев, узви ситоди мубориза бо коронавирус дар ноҳияи Спитамен нашр кард. Аҳмадҷон Қобилов солҳои 2009-2015 муовини раиси вилояти Суғд ва солҳои 2015-2020 вакили Маҷлиси намояндагон буд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки имрӯз, 28 сентябр қалби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Чалилӣ Абдувоҳид Карим аз задан бозмонд.
Чалилӣ Абдувоҳид Карим 2 марти соли 1978 дар деҳаи Қарақчиқум, ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Мактаби миёнаи №29 ба номи С.Айнии ноҳияи Конибодомро соли 1995 хатм намуда, хамон сол ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба факултаи «Ҳуқуқшиносӣ» дохил гашта, донишгоҳи мазкурро соли 2001 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2002 ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ оғоз кардааст. Бо Фармони Раиси шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.09.2002с. таҳти №96 ба вазифаи иҷрочии калони суди шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Сипас бо пешниҳоди раиси шаҳри Конибодом 31.01.2009 сол ба мансаби раиси ҷамоати деҳоти А.Лоҳутии шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Фаъолияти кории худро дар ҷамоати деҳот давом дода, 30.07.2011 бо Фармони сардори хадамоти муҳоҷирати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси гузаргоҳи «Патар»-и шаҳри Конибодом таъин гардид. Сипас 02.02.2014с. аз мансаби ишғолнамуда бо хоҳиши худ аз вазифа озод гаштааст. Бо Амри раиси шаҳри Конибодом муваққатан мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Раиси шаҳр таъин шудааст.
Аз 16.11.2015 сол то инҷониб дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом фаъолият дошт.
Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.
Афсӯс, ки миқрози аҷал риштаи умри ин ҷавонмарди иродатмандро дар айни камолот барканд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз марги нобаҳангоми ин роҳбари кордону марди нексиришт сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум, наздикону пайвандон ҳамдардӣ баён менамояд.
Ному кори нек ва муносибати хуби равоншод бо атрофиёну дармондагон дар дили дӯстону ҳамкорон ва пайвандон ҷовидона хоҳад монд.
Рӯҳатон шод, хонаи охирататон обод бошад, Абдувоҳид Чалилови гиромӣ!

Наимчон Бобоев
Зиндаву ҷовид монад, ҳар ки некуном зист!
Аҳмадҷон Қобилов - фарзанди фидоии ватан, сиëсатмадори варзида, инсони хоксору нексиришт, хидматкори халқу миллати хеш ба олами боқӣ реҳлат карданд.
Аллоҳи меҳрабон равонашонро шод, охираташонро обод гардонад! Омин!
Аз номи аҳли табибон ва мардуми шарифи ноҳия ба аҳли пайвандонашон изҳори тасаллият ва сабри ҷамил мехоҳем!
Туро дастат ҳамеша пеши бар буд,
Зи сӯзу созиши мардум хабар буд.
Ҳамеша дар канори халқ будӣ -
Туро даҳ панҷа анҳори ҳунар буд.
Бо эҳтиром Наимҷон БОБОЕВ
 
        
Аҳмадҷон Қобилов 2 октябри соли1953 дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар оилаи коргар ба дунё омадасоли1975 риштаи гидромелиоративии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро боихтисоси муҳандис-гидротехник хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатии худро соли 1975 дар Идораи хоҷагииқишлоқи ноҳияи Спитамен баҳайси муҳандис-гидротехник оғоз намуда, баъдан дар корҳои роҳбарии комсомол,ҳизб ва мақомотиҳокимияти маҳаллӣ кор кардааст.
Солҳои 1998-2009 дар вазифаҳои намояндаи Корхонаи муштараки «Зафаробод» дар ноҳияи Спитамен ваҷонишини директори генералииҶСП «Деҳқон» фаъолият намудааст.
Моҳи январи соли 2009 бо Фармони ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид. Аз моҳи марти соли 2010 то соли 2015 дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд фаъолият кард.
АҳмадҷонҚобилов соли 2015азҲизби аграрии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Спитамен №25 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то моҳи марти соли 2020 - 5 сол дар парлумон фаъолият кард.
Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён», «50-солагииҒалаба дарҶанги Бузурги Ватанӣ» ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.