расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Таҳдиди зӯроварӣ ба воситаи таппончаи кӯдакона

. / Ҳаводис

Таҳдиди зӯроварӣ ба воситаи таппончаи кӯдакона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 17 ва 19-солаи сокинони ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 25-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 22-40-дақиқа, дар назди бинои вокзали роҳи оҳани ш.Душанбе бо се ҷавони 17-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён дарафтода, номбурдагонро зери лату кӯб қарор додаанд. Сипас бо истифодаи таҳдиди зӯроварӣ ба воситаи таппончаи бозичавии кӯдакона аз онҳо 50-сомонӣ пули нақд ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5”-ро, ки арзишаш 1600-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.