расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боз як модар худ ва фарзандашро ба дарё афканд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Азизонатонро эҳтиёт кунед!

. / Ҳаводис

Боз як модар худ ва фарзандашро ба дарё афканд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Азизонатонро эҳтиёт кунед!

КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр як зани 31-сола аз ноҳияи Ёвон худро ҳамроҳи духтари 9-солааш ба дарёи Вахш андохта, худкушӣ кардааст. Ҷасади Қурбоной Зарифова ва духтарашро 30 метр пойинтар аз ҷое, ки худро ба дарё андохтанд, пайдо кардаанд. Дар камтар аз ду моҳи охир ин алакай дуюмин ҳодисаи худкушии занон бо фарзандонашон дар Тоҷикистон аст. Моҳи август як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худро ҳамроҳи се кӯдаки 9, 6 ва 3-солааш ба дарёи Сурхоб партофта, худкушӣ карда буд.
КҲФ Тоҷикистон
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар боз як ҳодисаи нохушу фоҷеабор - худкушӣ бо фарзанд ба қайд гирифта шуд.Баъд аз зуҳри рӯзи 27-уми сентябри соли 2020 як сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон бо духтарчаи 9-солааш худро ба дарёи Вахш сарозер кард.
Баъди дарёфти хабари ин худкушӣ наҷотдиҳандагони кӯҳии бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд ва баъди ним соати розандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ин ду ҷасадро тақрибан 30 метр дуртар аз макони ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Норак супурданд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон бо исрор аз аҳолӣ хоҳиш мекунад нисбат ба пайвандону хешон бамуҳаббат бошанд.
Ҳаёти худ ва атрофиён ва наздиконатонро азиз доред!
Радиои Озодӣ
Қурбоной Зарифова, сокини 32-солаи ноҳияи Ёвон бо духтари 10-солааш худро ба дарёи Вахш андохтааст ва мақомот мегӯяндки ҷасадҳои онҳоро ним соат баъд аз ҳодиса аз дарё берун оварданд. Ҳодиса рӯзи якшанбеи 27-уми сентябр дар шаҳри Норак иттифоқ афтодаастҶасади ин зан ва духтараш ҳоло дар сардхона нигоҳ дошта мешаванд.
Ба гуфтаи Файзулло Ҳусейнзодаяк масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳукумати шаҳри Норакин зан аз болои як пул худу духтарашро ба дарё андохтааст ва ҷасади онҳоро 30 метр поинтар аз маҳалли ҳодиса аз дарё берун оварданд.
Ӯ гуфтки сабаби ин ҳодиса ҳанӯз маълум нествале ин зан аз хона баромада ва гуфтаастки ба бозор меравадБа гуфтаи Файзуллоҳ Ҳусейнзода, ин зан дар маконе, ки худро ба дарё андохт "пойафзолашро мондааст, дар халтааш корти бонкӣпул ва шиносномааш будааст"
Шоҳидон ва чанд масъул аз ҳукумати шаҳри Норак гуфтандки эҳтимолан хушунату ноумедӣ ва мушкили иқтисоди сабаб шудаастки зани ҷавон худ ва духтари ноболиғашро ба дарё андохтааст.
Аз ҳукумати ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ гуфтандки ҳоло ҷузъиёт ва сабаби худкуширо маълум накардаандТахмина Ҳоҷиевароҳбари бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Ёвон гуфтки аз ҳодиса тоза хабардор шуданд ва ҳоло ба манзили ин зан меравандто ангезаҳои даст ба чунин кор задани Қурбоной Зарифоваро маълум кунанд.
Дар солҳои ахир чанд ҳодисае расонаӣ шудки занон ҳамроҳ бо фарзандон қасд ба ҷони худ кардандМоҳи августи имсол як зани 30-сола дар ноҳияи Рашт худ ва се кӯдакашро ба дарё партофтахудкушӣ кардКӯдакон 3, 6 ва 9-сола буданд.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродоваи 25-сола аз Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохтки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расидандПеш аз ин як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ кардахуд наҷот ёфтвале боис ба ҳалокати се кӯдакаш шуд.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.