ДАРГУЗАШТИ ОДИНАШО МУРОДОВ – МУАЛЛИФИ ПАМФЛЕТИ МАШҲУРИ “ВАЗИРИИ “ҶАЗИР” ВА “ҶАЗИРӢ”-И ВАЗИР”

Одинашо Муродов қаблан раҳбарии хадамоти матбуоти идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва чанд муддат мудири шуъбаи дин ва танзими анъанаҳо дар дастгоҳи президент низ буд. Одинашо Муродов бо таҳқиқоти журналистиаш дар масоили доғи Тоҷикистон низ маъруф буд. Дар соли 2018 памфлети ӯ бо номи "Вазирии "ҷазир” ва "ҷазирӣ”-и вазир” қариб буд боиси баста шудани ҳафтаномаи "СССР” аз ҷониби ҳомиёни вазири собиқи молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён шавад. Ин памфлет дар бораи кӯтоҳиҳое буд, ки Абдусалом Қурбониён дар замони вазириаш роҳ дода, ба ақидаи муаллиф, дарвозаҳои Тоҷикистонро худаш бо ду дасти адаб ба рӯи бӯҳрони иқтисодӣ кушодааст. Одинашо Муродов навишта буд, пешгирӣ аз кӯтоҳиҳое, ки Қурбониён роҳ дод, метавонист асароти буҳронро барои иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла ба низоми имрӯз бӯҳронзадаи бонкиаш хеле сабуктар кунад.