БОЗДОШТИ ДУ ЗАН БАРОИ ҒОРАТГАРӢ ДАР ЧӮЯНГАРОН ВА ШАВҲАРАШРО БА МИЛИСА СУПУРДАНИ ЯК ЗАНИ СОКИНИ ШОҲМАНСУР

Як зани 40-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур шавҳарашро ба милиса супурдааст. Зан мегӯяд, ки шавҳараш рӯзи 23 сентябр ӯро бе ягон асос латту кӯб кард. Ташхиси судию тиббӣ нишон дод, ки ба саломатии ҷабрдида осеби вазнин расонда шудааст.
Боздошти занони 38 ва 43-сола барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа ӯро дар хонаи модараш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри мазкур ду нафар зан лату кӯб намуда бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилашро, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 810-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия занони 38 ва 43-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Шикояти зан барои латукӯби беасос аз ҷониби шавҳар
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 23-юми сентябри соли 2020, тахминан соати 15:00 дар хонаи истиқоматиаш шавхараш марди 40-солаи сокини ҳамон ҷо бе ягон асос ӯро лату кӯб намудааст.Мувофики маълумотномаи ТСТ зарари вазнин ба саломатиаш бардоштааст.