Таҳқиқи навор: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати соҳибмулки қаҳвахона

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафари гумонбар дастгир карда шуд. Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҳайдаров Илҳом Собирович санаи таваллудаш 13-уми апрели 1997, истиқомтакунандаи ш. Душанбе кӯчаи Деҳотӣ, соҳибмулки қаҳвахонаи мазкур мебошад.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда қаҳвахонаи худро ба ҷавонзани муроҷиаткунанда ба иҷора дода, санаи мазкур барои гирифтани маблағ ба он ҷо рафтааст. Аз он сабаб, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда маблағи иҷораро ба пуррагӣ пардохт карда наметавонад, шаҳрван Ҳайдаров Илҳом ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, ҳамзамон мавриди латукуб низ қарор додаст.
Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида, нисбати гумонбаршаванда Ҳайдаров Илҳом бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе