расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкорсозии 2 далели ҷинояти одамкушӣ (Видео)

. / Ҳаводис

Ошкорсозии 2 далели ҷинояти одамкушӣ (Видео)

  Аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ тафтишотии кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ва Прокуратураи н. Синои шаҳри Душанбе ахиран ҷинояти пурсару садое ошкор гардид, ки дар ҷараёни пешбурди чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ду ҳолати қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шахсони қаблан бедарак ғайбзада муайян гардида, гумонбарони ҷинояти махсусан вазнин дастгир карда шуданд.

  Дар асоси муроҷиати пайвандон аз моҳи январи соли 2018 ин ҷониб шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, ҳамчун шахси бедаракгардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои ғайб задани ӯ мавриди коркардҳои оперативӣ қарор дода шуда, пас аз гузашти ду сол ахиран сабаби бедарак гардидани Замирамоҳ Ҳайдарова ошкор карда шуд.
  Новобаста аз гузашти ду сол коркарду чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ва фаъолияти якҷояи кормандони Прокуратураи ноҳияи Сино ва милитсияи пойтахт натиҷа дод. Дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб мавзее, ки тахминан 50-60 метр ҷуқурӣ дорад, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Прокуратураи ноҳияи Сино ва милтсия аз зери хок ду ҷасади ҷинси занро пайдо намудаанд. Ташхиси тиббӣ-судии ҷасадҳо ошкор кард, ки шахсони фавтида, аз марги маъмулӣ не, балкӣ бо роҳи зуроварӣ-буғӣ кардан ба ҳалокат расонида шудаанд. Акнун пас аз дарёфти ҷасадҳо ҳар як корманди оперативии милитсия ва прокуратураро зарур буд, то шахсияти ҷасадҳоро ошкор ва гумонбарон-содиркунандагони ин ҷинояти махсусан вазнинро муайяну дастгир созанд. Ва чунин ҳам шуд. Дар содир кардани ин ду ду ҷинояти одамкушӣ шаҳрвандон Сафаров Дониёр Каримович соли таваллудаш 1992 ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич соли таваллудаш 1992 истиқомткунандагони шаҳри Душанбе н. И. Сомонӣ кӯчаи Деҳнаваки боло мебошанд.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда Сафаров Дониёр бо Ҳайдарова Замирамоҳ муддати тулонист шиносоӣ ва робита дошта, дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста ӯро мавриди лату куб қарор дода, бо рафиқаш Раупов Саъдулло нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурдаро тарҳрезӣ намудаанд.
  Аз ҷумла моҳи январи соли 2018 Сафаров Дониёр ва Раупов Саъдулло баъд аз мавриди лату куб қарор додани Замирамоҳ Ҳайдарова ӯро дар бағоҷи автомашинаи худ ҷойгир ва бо мақсади амалӣ намудани нияти нопоку ҷиноятии худ ба теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурдаанд.
  Аз торикии шаб ва набудани ҳеҷ кас дар атроф истифода карда, гумонбарон аз оҷизии Ҳайдарова суйистифода бурда, мавриди шиканҷаву озори ҷинсӣ қарор дода, бо як бераҳмии махсус гумонбаршудагон Сафаров Дониёр ва Раупов Саъдулло бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ба хотири пинҳон намудани изи ҷинояташон гумонбарон ҷасади ҷабрдидаро дар чуқурии тақрибан 50-метр зери хок пинҳон кардаанд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки дуюмин ҷасади ёфташуда низ шахсияташ зан буда, шаҳрванд Меҳрафрӯзи Холмирзо соли таваллудаш 2001 истиқоматкунандаи н. И. Сомонӣ деҳаи Алхитой мебошад, ки номбурда низ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамчун шахси бедаракгардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дуюмин ҷинояти кушторро низ гумонбаршуда Раупов Саъдулло содир кардааст.
  Гумонбаршуда Саъдулло Раупов моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан дар деҳаи Харангон Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир ба автомашинаи шахсии худ савор намуда, баҳри амалӣ намудани нияти нопоку ноҷавонмардонаи худ дар дохили автомашина ӯро мавриди латукуб қарор додаст. Аз ҳолати беҳушӣ ва оҷизии истифода бурда, ба макони қаблан ҷиноят содирнамудаашон, яъне теппаҳои деҳаи Харангон рафта, Саъдулло Раупов ба Меҳрафрӯзи Холмирзо пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро кардааст. Баъд аз ҷониби ҷавондухтар шунидани ҷавоби рад гумонбаршуда Раупов Саъдулло Меҳрафрӯзи Холмирзоро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Гумонбаршаванда Раупов Саъдулло бо гумони он ки ин амали содир намудааш низ ба мисли қаблӣ аз назарҳо пинҳон мемонад ҷасади марҳум Меҳрафрӯзи Холмирзоро низ дар макони қаблӣ пинҳон кардааст.
  Мавриди таассуф он аст, ки ин ду нафар бо содир намудани ду ҳолати ҷинояти куштор ду нафарро аз ҳаёт маҳрум сохта, умри ҷавони худро доғдор ва озодии худро ба маҳбас иваз намудаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбати гумонбаршудагон Раупов Саъдулло ва Сафаров Дониёр бо модаи 104 қисми 2-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои содир кардани чунин ҷинояти махсусан вазнин-одамкушӣ гумонбаронро маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлатҳои тулонӣ дар пеш аст.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.