расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » НАШРИ НОМУ НАСАБИ МАҲБУСОНЕ КИ АЗ ЗИНДОНИ ДОҒИСТОН ФИРОР КАРДАНД: ДУ НАФАРАШ АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

НАШРИ НОМУ НАСАБИ МАҲБУСОНЕ КИ АЗ ЗИНДОНИ ДОҒИСТОН ФИРОР КАРДАНД: ДУ НАФАРАШ АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД (ВИДЕО)

Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (УФСИН)-и ҷумҳурии Доғистони Русия ному насаби 6 маҳбусеро, ки шаби 23 сентябр тавассути як нақби кандаашон аз маҳбаси №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа фирор карданд, нашр кард.
Ду нафари онҳо аз Тоҷикистон будаанд. Қаблан фақат яке аз онҳо зодаи Тоҷикистон гуфта мешуд.
Бино ба иттилои расмӣ, Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда, як сол пеш барои адои ҷазо ба маҳбаси Шамхал оварда шуданд. Бойматов ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд.
Идораи зиндонҳои Доғистон ҳамчунин видеои нақберо нашр кард, ки маҳбусон барои фирор дар тӯли як сол канда будаанд. Нақб дар видео хеле кушоду «барҳаво»ба назар мерасад.
Видеои нақб:

Номҳои 6 маҳбуси фироркарда:
1.Зодаи Ёвони Тоҷикистон Шомил Бойматов, 29-сола. Дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд.
2.Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе, 30-сола. Дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд.
3.Сокини Махачқалъа Рашид Аминов, 31-сола. Бо ҷурми куштор ва дуздии силоҳ соли 2017 бо ҳукми Додгоҳи олии Доғистон ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.
4.Сокини 22-солаи деҳаи Дзержинский, ноҳияи Хасавюрт Нажмудин Ахмеднабиев. Моҳи марти соли 2018 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Хасавюрт бо ҷурми одамкушӣ ва қасди одамкушӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд. Декабри ҳамон сол барои адои ҷазо ба маҳбаси Шамхал интиқол дода шуд.
5.Магомед Абдулқодиров, сокини 21-солаи деҳаи Шаумяни ноҳияи Қизляр. Моҳи июли соли 2019 бо ҳукми додгоҳи вилояти Саратов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд.
6.Магди Мириев, сокини 21-солаи деҳаи Шаумяни ноҳияи Қизляр. Соли 2019 бо ҳукми додгоҳи вилояти Саратов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 9 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуда буд.
Дар робита ба ин қазия нисбат ба кормандони маҳбаси №2 парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми хунукназарӣ боз шуда, як парвандаи дигар дар робита ба фирори гуруҳии маҳбусон кушодаанд.
Бино ба омори расмии мақомоти Русия, дар зиндонҳои он кишвар ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳо қарор доранд. Тақрибан сеяки онҳо бо ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.