5 ҲАЗОР ДОЛЛАР – НАРХИ МАНСАБИ КОТИБИ СУД! БОЗДОШТИ КОТИБИ СУДИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ БАРОИ МАНСАБФУРӮШӢ
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки нисбат ба котиби суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Миҷгона Музаффарзода бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бино ба ин манбаъ, Музаффарзода Миҷгона Умар моҳи декабри соли 2019 аз шаҳрванд Солеҳзода М.Д. барои мусоидат ба таъйини ӯ ба мақоми суд 5000 доллар талаб карда, 25000 сомониашро бо пули нақд ва ба ҷои маблағи боқимонда санаи 15 январи соли 2020 аз Солеҳзода М.Д. як мошини тамғаи "Опел-Астра”, сохти соли 2001 гирифтааст.Музаффарзода Миҷгона Умар дар вазифаи котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе кор карда истода, моҳи декабри соли 2019 аз шаҳрванд Солеҳзода М.Д. барои мусоидат кардан дар таъин гардидани ӯ ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ аз охирин маблағи 5000 доллари ИМА талаб намуда, аз ин маблағ 25000 сомониашро пешакӣ гирифта, оварда додани боқимондаи онро талаб намуд.
Минбаъд Музаффарзода М.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, санаи 15 январи соли 2020 аз Солеҳзода М.Д. ба ҷойи маблағи боқимондаи талабнамудааш як автомашинаи тамғаи "Опел-Астра” соли бароришаш 2001-ро бо роҳи қаллобӣ гирифта тасарруф намуда, ба охирин зарари калони моддӣ расонид.
Дар ин асос нисбати Музаффарзода М.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди "а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ