расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » КОРМАНДОНИ МИЛИСА 70 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРАРО НАГИРИФТААНД

. / Ҳаводис

КОРМАНДОНИ МИЛИСА 70 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРАРО НАГИРИФТААНД

Cокини 28-солаи ҷамоати Пули Сангин, ки ба алоқаи ҷинсӣ бо як ноболиғ дар бӯстонсарои "Сомон-Плаза” айбдор мешуд, барои пӯшондани ин ҷиноят ба кормандони милисаи вилояти Хатлон 70 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод кардааст.

Пешниҳоди додани пора барои рӯйпӯш намудани ҷинояти қаблан содир намуда

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак, ки пеш бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар додани пора дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, дар бӯстонсарои "Сомон-Плаза”, воқеъ дар суроғаи шаҳри Норак бо ноболиғдухтари 17-солаи сокини шаҳри мазкур алоқаи ҷинсӣ намудааст.
Баъдан номбурда санаи 18-уми сентябри соли 2020 бо мақсади озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ҳамчун пора 70 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ пешниҳод мекунад, ки ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва ШКҶ РВКД дар вилояти Хатлон дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 320 қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.