расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ФАВРӢ: ҲАМСАРИ ЛОИҚ БА ПЕШИ ЛОИҚ РАФТ...

. / Ҳаводис

ФАВРӢ: ҲАМСАРИ ЛОИҚ БА ПЕШИ ЛОИҚ РАФТ...

Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ, субҳи 22 сентябр дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Зебуннисо Қутбиддинова тамоми умр омӯзгори мактаби №54-и шаҳри Душанбе буд ва дар ин мактаб осорхонаи Лоиқ Шералиро ташкил ва роҳбарӣ мекард.
Ромиш Шералӣ, писари Лоиқ Шералӣ ва Зебуннисо Қутбиддинова гуфт, модараш ду-се моҳи охир мариз буд ва ҳатто як инсултро низ паси карда, шифо ёфта буд. "Аммо хурсандии мо дер давом накард. Тақрибан 15 рӯзи пеш фишорашон баланд рафт ва он касро ба Шифохонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе овардем. Ин субҳ даргузаштанд”, - гуфт Ромиш Шералӣ ба хабаргузории «Спутник Тоҷикистон».
Ҷанозаи Зебо Қутбиддиноваро барои дафн ба зодгоҳаш - Панҷакент бурдаанд. Маросими дафни ӯ баъди намози пешин дар қабристони Сарманзили шаҳри Панҷакент доир мешавад.
Яке аз охирин шеърҳои Лоиқ Шералӣ – "Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат!” ба ҳамсараш бахшида шуда буд ва бисёриҳо дар марги Зебуннисо Қутбиддинова навиштанд, ки ӯ ба дидори ёри қиёматиаш рафт. "20 сол Лоиқ гуфтиву сӯхтӣ, орзуят дидори Лоиқ буд, ба орзуят расидӣ. Имшаб Лоиқ тӯй дорад, зебояш, яктояш, раънояш ба наздаш меравад...” – навиштааст Сайлӣ Юсуфӣ, келини хонавода дар Фейсбук.
Зебуннисо Қутбиддинова соли 1946 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1967 бо Лоиқ Шералӣ издивоҷ кард. Ӯ Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм карда, тамоми умр дарм актаби №54 кор кард.
Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000 дар синни 59 аз сактаи мағзӣ вафот кард. Лоиқ Шералиро барҳақ яке аз тавонотарини шоирони тоҷики асри 20 ном мебаранд.
Аз Лоиқ Шералӣ ва Зебуннисо Қутбиддинова 5 фарзанд – се писар ва ду духтар ба ёдгор монд.


Sayli Yusufee

Ту Зебоиву ман Зебопарастам
Ту барноиву ман барнопарастам
Дар ин як умри кутохе, ки дорам
Ту яктоиву ман яктопарастам
Гули ман, ай гули ман, ай гули ман
Аруси хушк,ади чилкокули ман....
ОХ, ЛОИКИ ЗЕБОПАРАСТ, ОХ, ЛОИКИ БАРНОПАРАСТ, ОХ, ЛОИКИ УМРИ КУТОХДОШТА, АРУСИ ХУШК,АДИ ЧИЛКОКУЛАТ ИМШАБ БА НАЗДАТ МЕРАВАД, ЯККАВУ ЯГОНААТ, ЗАВЧАИ МЕХРУБОНУ АЗИЗАТ!!! ЗЕБУНИССО ХАМ ХУСНАШ ЗЕБО БУД, ХАМ РАФТОРАШ ЗЕБО, ХАМ ГУФТОРАШ ЗЕБО, ХАМ ОДОБАШ ЗЕБО. МУАЛЛИМАЕ, КИ ХАМА ДУСТАШ МЕДОШТАНД, ХАМ МУАЛЛИМОНУ ХАМ ТАЛАБАГОНАТ, ЗЕБОЕ, КИ КАЛОМУ ЗАБОНУ ГУФТОРАШАМ ЗЕБО БУД...20 СОЛ ЛОИК ГУФТИВУ 20 СОЛ ДАР ХАККИ ЛОИК СУХТИ, МИСЛИ ШАМЪ ОХИСТА ОХИСТА ДУД КАРДИ. ОРЗУЯТ ДИДОРИ ЛОИК БУД, БА ОРЗУЯТ РАСИДИ. ИМШАБ ЛОИК ТУЙ ДОРАД, ЗЕБОЯШ, ЯКТОЯШ, РАЪНОЯШ БА НАЗДАШ МЕРАВАД, АРУСИ ЯККАВУ ЯГОНААШ. ЛОИК ДОИМ МЕГУФТ КИ ДИГАРОН УСМАЮ СУРМА, ВАЛЕ ТУ ЧАШМУ АБРУИ. РУХИ ПОКАТОН ШОД БОШАДУ ОХИРАТИ ХАРДУЯТОН ОБОД, ЗЕБОВУ ЛОИК, ЗЕБОИ ЛОИК, ЛОИКИ ЗЕБОПАРАСТ...
Delafroz Kurboni
Худованд раҳмататон кунад апаҷон.
           
Дидор бо муаллима Зебуннисо-ҳамсари устод Лоиқ Шералӣ дар ҳавлии падарияшон дар шаҳри #Панҷакент
Вақте Диловар Шералӣ - писари устод Лоиқ фаҳмиданд, ки дар шаҳр ҳастем, аввалин коре, ки анҷом доданд, моро ба назди модари бузургворашон бурданд, то аз файзи суҳбаташон баҳраманд шавем.
Зинда бошед акои Диловар ва муаллимаи азиз.

 
 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.