расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Таҳқиқи навор: Боздошт ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати гумонбарони ҷинояти авбошӣ (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

Таҳқиқи навор: Боздошт ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати гумонбарони ҷинояти авбошӣ (ВИДЕО)

  Санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ ба қисми навбатдории ШВКД-2 дар н. Шоҳмансур оид ба сар задани ҷинояти авбошӣ дар кӯчаи Айнӣ-291 хабари фаврӣ расид. Кормандони мақомоти милитсия дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, нафарони гумонбар ва сабабу омилҳои сар задани ҷинояти мазкурро ошкор намуданд.
Зимни пешбурди корҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки як гурӯҳ ҷавонон аъзои як оила бо маслиҳати пешакӣ дар кӯчаи мазкур дар дохили мағозаи хуроквории «Сайёра» шаҳрванд;
Абдуллоев Саъдулло Сафаралиевич санаи таваллудаш 01.01.1991. сокини н. Рӯдакӣ ҷ/д Болошаҳро мавриди лату куб қарор додаанд, ки дар натиҷа номбурда ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар натиҷаи пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шахсияти гумонбарон муайян ва дасгир карда шуданд, ки инҳо шаҳрвандон:
Сироҷов Ҳасан Шамсиддинович санаи таваллудаш 12.04.1998. сокини н. Рӯдакӣ деҳаи Гулистон;
Сироҷов Ҳусейн Шамсиддинович санаи таваллудаш 12.04.1998. сокини н. Рӯдакӣ деҳаи Гулистон;
Раҳимов Муҳиддин Файзиддинович санаи таваллудаш 01.01.1985. сокини н. Рӯдакӣ деҳаи Гулистон;
мебошанд
  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур аз қабл дар ҳудуди н. Рӯдакӣ оғоз гардида, байни ин ду гурӯҳ ҷавонон хусумат ва нофаҳмиҳои дерина вуҷуд доштааст. Аз ин лиҳоз санаи мазкур гумонбаршавандагон ба хотири қасдгирӣ ба мағозаи хуроквории «Сайёра» воқеъ дар кӯчаи С. Айнӣ 291 омада, шаҳрванд Абдуллоев Саъдуллоро мавриди дашному ҳақорат ва лату куб қарор додаанд.
  Мавриди зикр аст, ки навори лаҳзаи муноқишаи номбурдагон дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ роҳ ёфта, мавриди вокунишҳои сахти шаҳрвандон қарор гирифтааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати гумонбаршавандагон маводҳои лозима тартиб дода шуда, барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба ШВКД-2 дар н. Рӯдакӣ ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.