расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАР ДУШАНБЕ ЯК КӮДАКИ 12-СОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ

. / Ҳаводис

ДАР ДУШАНБЕ ЯК КӮДАКИ 12-СОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ



Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 август аз Канали калони Ҳисор ҷасади як кӯдаки 12-соларо берун кашидаанд.
Шоми 22 август ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар додаанд, ки ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе як кӯдаки 12-сола ғарқ шудааст. Наҷотбахшони КҲФ Душанбе ба ҷои ҳодиса рафта, ба ҷустуҷӯи кӯдаки ғарқшуда пардохтаанд. Вале маҷрои об ҷасадро хеле дур бурдааст ва наҷотбахшон танҳо баъди як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасадро аз Канали калони Ҳисор пайдо карда, ба дасти мақомоти милиса супурдаанд.
«Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, сабаби фоҷиа оббозӣ дар макони мамнӯъ шудааст. КҲФ бори дигар ба самъи волидон мерасонад: Нисбат ба кӯдакони худ ҳушёр бошед, онҳоро эҳтиёт кунед!» - гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.