расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ФАЛАК ФАРЗОНАЕ АЗ МО РАБУД ИМРӮЗ: ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ

. / Ҳаводис

ФАЛАК ФАРЗОНАЕ АЗ МО РАБУД ИМРӮЗ: ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ

Лутфулло Солиев, олими намоёни тоыик, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмщои химия рӯзи 20 сентябр дар синни 79 аз олам чашм пӯшид. Лутфулло Солиев соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, соли 1964 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардаастӮ соли 1970 дар Пажӯҳишгоҳи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Украина (шКиеврисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар ҳамон ҷо рисолаи докториашро ҳимоя кардааст. Профессор Солиев яке аз муаллифони ҷараёни нави илмӣ дар химия - муайян намудани мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёркомпонента бо ёрии усули транслятсия астӮ муаллифи беш аз 540 асари илмӣаз ҷумла, 3 монография, 5 китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ, 16 дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва 13 ихтироот мебошадАксари мақолаҳои профессор Солиев дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ чоп шудаанд. Даргузашти профессор Лутфулло Солиевро бисёриҳо як талафоти бузург барои илми тоҷик унвон мекунанд.
Омӯзгор Омӯзгор
ФАЛАК ФАРЗОНАЕ АЗ МО РАБУД ИМРӮЗ....
Гуфтам,ки чаро рафтию тадбири ту ин буд,
Гуфто чӣ тавон кард,ки тақдир ҳамин буд.
Гуфтам,ки на вақти сафарат буд чунин зуд,
Гуфто,ки нагӯ, маслаҳати дӯст чунин буд.
Фалак боз олиҳаву фарзонаеро аз миён бурд,ки то лаҳзаҳои вопасини хеш дар масири зиндагии мардумон
нуру зиё мекошт. Имрӯз ахтари кимиёи тоҷик, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (ТО МАН ВШ) (2009), олими намоён,профессори барҷастаи соҳаи химияи тоҷик, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадори ҷоизаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ дар синни мубораки 79- солаги (15-уми марти соли 2021 ба синни мубораки 80 мерасиданд) ин дунёро падруд гуфт. СОЛИЕВ ЛУТФУЛЛО---15-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ ( собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд. Соли 2007 ба вазифаи мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъин гардид. То дами марг профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият менамуд. Оид ба мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи обӣ-намакӣ, назария ва амалияи химияи ғайриорганикӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст. Яке аз муаллифони равияи нави илмӣ – пешгӯии мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи бо ёрии методи интиқол мебошад. Муалифи 3 монография, 3 китоби дарсӣ, 10 дастури таълимӣ, 13 ихтироот ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмӣ ва илмию методии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Барои хизматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000), ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз карда шудааст.
Ба аҳлу пайвандон, ёру рафиқон ва ба коллективи факултети химияи изҳори тасаллият баён менамоям.
Ва гуфтаниям, ки ҳарчанд Устод моро тарк карданд вале номи Устоди зиндаёд ҳеҷ гоҳе аз саҳифаҳои илми кишвар нест нахоҳад гашт. Саҳми Устод дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат аз он ҷумла илми кимиё хеле назаррас мебошад. Инсони ҳалиму меҳрубон, хоксору фурӯтан ва инсондӯсту инсонпарвар буданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки идомаи кори илмии устодро шогирдонашон идома медиҳанд, зеро Устод дар тӯли фаъолияти беназири худ чандин шогирдонро ба воя расонида, номзади илму дотсент кардааст. Ин як талафоти бузурге ба илми тоҷик ба хусус ба соҳаи химияи тоҷик мебошад.
Рӯҳашон то абад шод, хонаи охираташон обод ва номашон ҷовидону гиромӣ бод!

 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.