расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Артиши Русия 28 бесарнишини украиниро зимни ҳамла ба Қрим нобуд кард

Ҳаводис / Ҷаҳон

Артиши Русия 28 бесарнишини украиниро зимни ҳамла ба Қрим нобуд кард

Вазорати дифоъ пешгирии ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Қримро эълон кард, ки 17-тои онҳо тавассути падофанди ҳавоӣ нобуд карда шуданд

Артиши Русия аз кӯшиши ҳамлаи Киев ба объектҳо дар Қрим бо кӯмаки 28 ҳавопаймои бесарнишин ҷилавгирӣ кард.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар додааст.
"17 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ тавассути системаҳои дифоъи ҳавоӣ нобуд карда шуданд. 11 ҳавопаймои дигар бо дастгоҳҳои электронӣ пахш карда шуданд, ки ба ҳадаф нарасида, суқут карданд", - афзуд вазорат.
Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Қаблан раҳбари Қрим Сергей Аксенов низ дар бораи ҳамлаи нокоми нерӯҳои мусаллаҳи Украина хабар дода буд.
Украина пайваста кӯшиш мекунад, ки ба қаламрави нимҷазира, аз ҷумла Севастопол бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кунад.
Дар авоили моҳи июл Николай Патрушев, дабири Шӯрои Амният гуфт, ки дар соли ҷорӣ Киев беш аз 70 кӯшиши ҳамла ба Қримро бо ёрии ҳавопаймоҳои бесарнишин кардааст.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.