расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ду нафар бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

. / Ҳаводис

Боздошти ду нафар бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона


Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 4-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба ҷавони 24 ва зани 37-солаи сокинони шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти 
Патари шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 6-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба марди 36 ва зани 28-солаи сокинони шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Нисбати гумонбаршаванда 

парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.