расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Душанбе: ҷавонзане аз Норак мардро бо корд захмӣ кард

. / Ҳаводис

Душанбе: ҷавонзане аз Норак мардро бо корд захмӣ кард

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Сурат: Акси марбута
Ҷавонзани 23-сола, зодаи шаҳри Норак як марди 21-солаи зодаи ноҳияи Ҳамадониро бо зарбаи корд захмӣ кард. Ҳодиса дар ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

“Шоми 6 сентябр ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш қарор доштанаш ҷавонзани 23-солаи зодаи шаҳри Норак, муваққатан истиқоматкунандаи пойтахт, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ зада, бо корд 1-маротиба ба пойи росташ задааст”, - хабар медиҳад дар ин бора маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.