расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати як зани тоҷикистонӣ дар ҳавопаймои ширкати S7

. / Ҳаводис

Ҳалокати як зани тоҷикистонӣ дар ҳавопаймои ширкати S7

Ҳавопаймо аз Новосибирск ба Якутск парвоз мекард.

Сурат: аз саҳифаи Елена Афанасева дар Instagram

Ҳавопаймои ширкати S7, ки аз Новосибирск ба Якутск раҳсипор буд, бо сабаби марги як мусофирзан таъҷилан ба фурудгоҳи Братск нишаст, иттилоъ медиҳад хабаргузории IrkutskMedia.

Дар ин бора рӯзи 6 сентябр дар саҳифаи худ дар Instagram вакил (сенатор) аз вилояти Оренбург Елена Афанасева, ки дар ҳамин ҳавопаймо ҳузур дошт, хабар додааст.

“Ҳангоми парвоз вазъи солимии яке аз мусофирзанон, шаҳрванди Тоҷикистон бад шуда, ҳайати сарнишинон тасмим гирифтанд, ки таъҷилан ҳавопайморо мешинонанд. Мутаассифона, то ба замин фуруд омадани ҳавопаймо, зан фавтид. Табибони назди ҳавопаймо ҳозиршуда марги ӯро тасдиқ карданд”, - хабар медиҳад babr24.com.

Гуфта мешавад, айни замон ҷасади занро шавҳараш гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.