расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Наҷотбахшон ҷасади наврасро аз мавзеи кӯл берун оварданд

. / Ҳаводис

Наҷотбахшон ҷасади наврасро аз мавзеи кӯл берун оварданд

Ҷасад дар мавзеи Кӯли ҷавонон дарёфт шуд.

Сурат: акси марбута
Қарибиҳои шоми 22-уми августи соли равон як навраси 12-сола аз беэҳтиётӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. 
Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то зуҳри дирӯз, якшанбе, 23 август идома дошт.
“Билохира, Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ӯро дар мавзеъи кӯли “Ҷавонон” пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби фоҷеа оббозӣ дар ҷойи манъшуда мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.