расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ФАВРӢ:ДАРГУЗАШТИ ДУ ШАХСИЯТИ ШИНОХТАИ КӮЛОБ

. / Ҳаводис

ФАВРӢ:ДАРГУЗАШТИ ДУ ШАХСИЯТИ ШИНОХТАИ КӮЛОБ

Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи 5 сентябр дар шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон ду шахсияти шинохтаи ин сарзамин – Атоев Саид Каримович, собиқ роҳбари шабакаҳои нирӯи барқи минтақаи Кӯлоб ва собиқ раҳбари шабакаҳои нирӯи барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва табиби маъруф Раҳматулло Талбовро ба хок супурданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони сомонаи "Ахбор”, Саид Атоев ва Раҳматулло Талбов ҳарду дар хона аз бемории "илтиҳоби шуш” табобат мегирифтанд. Як манбаи "Ахбор” гуфт, дар асл иллати марги ҳам Атоев ва ҳам Талбов коронавирус будааст. Мақомот инро расман тасдиқ ё рад накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмии вазоратти тандурустӣ, рӯзи 5 сентябр шумори расмии қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон ба 70 нафар расид. Вазорат марги танҳо як нафар дар як шабонарӯзи охирро тасдиқ карда, гуфтааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 33 ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор шудааст. Ба ин тартиб, шумори расмии гирифторони коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 5 сентябр ба 8757 маврид ва шумораи фавтидагон аз ин вирус ба 70 нафар расида,бино ба иттилои вазорат, 7549 (86,2%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.