расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ИН ЧӢ ШӮРЕСТ? 25 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ ДАНҒАРА БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒАШ

. / Ҳаводис

ИН ЧӢ ШӮРЕСТ? 25 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ ДАНҒАРА БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒАШ

Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон аз 10 июл Азизулло Абдуллоев ном сокини ноҳияи Данғара бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғаш ба 25 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Додситонӣ мегӯяд, Абдуллоев моҳи июни соли 2017 шабона дар манзилаш бо истифода аз оҷизии духтари он замон 16-солааш, ки дар болои кати ҳавлӣ хоб буд, ӯро "маҷбуран кашолакунон ба дохили ҳуҷраи меҳмонхонаи манзили зисташ бурдааст. Баъди вориди ҳуҷраи мазкур намудан Абдуллоев А.Н. пойҷома ва таҳпуши ноболиғ Н.-ро аз танаш бароварда, қасди ба номуси номбурда таҷовуз намуданро кард. Ин вақт ноболиғ Н. хост доду фиғон намояд, аммо падараш Абдуллоев А.Н. бо мақсади то ба охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ бо истифодаи қувваи зуроварӣ ба воситаи болишт Н.-ро аз ҳуш беҳуш намуда, ба номусаш таҷовуз намудааст.” Сомонаи "Ахбор” ягона нашрияе буд, ки ҳанӯз моҳи апрел дар бораи ин ҷинояти нангин гузориш дода буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.