расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳабиб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ "фастфуд" мекушояд: Тоҷикистон дар рӯйхаташ нест

. / Ҳаводис

Ҳабиб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ "фастфуд" мекушояд: Тоҷикистон дар рӯйхаташ нест

Собиқ размикор ният дорад, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё, 999 нуқтаи хӯроки тезтайёр кушояд

Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни сабук, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки қаблан ба фаъолияти варзишияш нуқта гузошт, ҳоло рӯ овардааст ба соҳибкорӣ.

Варзишкор ба ифтитоҳи нуқтаҳои хӯроки тезтайёр шурӯъ кард. Номи шабакаи «фастфуд» — и ӯ, M-eat by Khabib буда, нахустин нуқта дар шаҳри Маскав аллакай шурӯъ ба кор намудааст.

Варзишгар ният дорад, ки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, 999 тарабхонаи «фастфуд» боз кунад.

Дар рӯйхате, ки ҳоло маълум аст, номи кишварҳое чун Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон зикр шудааст, аммо Тоҷикистон берун аз рӯйхат мондааст

Сомонаи «Бизнес Online"менависад, Нурмуҳаммадов дар Ховари Миёна, аз ҷумла Туркия, АМА низ шабакаи «фастфуд» — и худро боз мекунад.

Гуфта мешавад, Нурмуҳаммадов зиёда аз ҳашт моҳ дар ташкили шабакаи тарабхонаҳо кор кардааст.

Собиқ размикор аллакай дар ин сегмент таҷриба дорад. Ӯ қаблан дар шаҳри Маскав тарабхонаи «Папаха» кушод ва ҳамзамон дар Доғистон қаҳвахона ифтитоҳ кард.

Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов бидуни бохт фаъолияти варзишияшро дар UFC анҷом дод. Ӯ тасмимашро чунин шарҳ дод, ки ба модараш қавл додааст, ки дигар вориди октагон намешавад.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.