расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » 15 шабонарӯз: Ҳабс барои тамос ва таҳқири ҷавонзани ношинос

. / Ҳаводис

15 шабонарӯз: Ҳабс барои тамос ва таҳқири ҷавонзани ношинос

Як нафар ҷавонзани 39-солаи сокини пойтахт ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намуд, ки нисбати як нафар ҷавонписари ношинос чораҳои қонунӣ андешида шавад. Тибқи иттилои номбурда ин ҷавонписар пайваста ба телефони мобилии ӯ занг зада, бо суханони қабеҳ ҷавонзани муроҷиаткунандаро мавриди таҳқиру дашном қарор медодааст.
 
 Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки ин нафар шаҳрванд Раҳматуллоев Раҳматулло Гадобоевич санаи таваллудаш 07.09.1971. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Навбаҳор мебошад.

 
 
 Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас намудан номбурда ба кирдорҳои содирнамудаи худ иқрор шуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат ба рақамҳои мобилии ҷавонзани муроҷиаткунанда телефон карда, ӯро дашному ҳақорат намудааст.
  
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда шаҳрванд Раҳматуллоев Раҳматулло парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.