расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти гумонбаршавандагон барои содир намудани ҷинояти дуздӣ

. / Ҳаводис

Боздошти гумонбаршавандагон барои содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза пирамарди 80-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи деҳаи Дӯстӣ 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30 ва ҷавони 20-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Пули-Сангини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 27-уми июли соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ошхонаи «Кӯҳи Сафед», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи мазкур 1-адад телефони мобилии тамғаи «Леко-2»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.