расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » БАРОИ ҲУНАРМАНДИ МАЪРУФ МУҲАММАДҶОНИ ШОДӢ ДУО КУНЕД!

. / Ҳаводис

БАРОИ ҲУНАРМАНДИ МАЪРУФ МУҲАММАДҶОНИ ШОДӢ ДУО КУНЕД!

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Муҳаммадҷони Шодӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик рӯзи 2 сентябр дар беморхонаи "Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо аломатҳои бемории коронавирус бистарӣ карда шудааст. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи як манбаи наздик ба хонаводаи ҳунарпешаи шинохта, Муҳаммадҷони Шодӣ тақрибан 10 рӯз дар хонааш табобат гирифтааст, вале рӯзи 2 сентябр вазъи саломатиаш вазнин шудааст ва ӯро ба бемористон овардаанд. Муҳаммадҷон Шодиев(5 январи1954,ноҳияи Ашт,вилояти Суғд,ҶШС Тоҷикистон)— ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005)
Муҳаммадҷон Шодиев5 январисоли1954дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Аштба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм мекунад. Алакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шӯҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977—1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст. Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова оғоз мекунад. Бо гузашти 60 соли умр, ки нисфи он дар рӯи саҳнаи ҳунар сипарӣ шудааст, дар дафтарчаи меҳнатии ӯ зиёд ҷойи корро намебинед. Соли 1984 Муҳаммадҷон Шодиев бо даъвати роҳбарияти ҳамонвақтаиТеатри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе ба кор меояд. Аз он замон то ба имрӯз Муҳаммадҷон Шодиев дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад.
Эҷодиёт
Дар ин муддат ӯ дар театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. Тамошобини театри мазкур на як бору ду бор барои нақшҳои ӯ Борбад аз «Ғуруби Аҷам», Хизирхон аз «Фарёди ишқ», Азиз аз «Дуел», Балъамӣ аз «Шоҳ Исмоил», Гурдуй аз «Баҳроми Чӯбина», Қодирқул аз «Бой ва хизматгор», Шариф Исматӣ аз «Имтиҳон», Мавлавӣ аз «Офати нафс», Тибалт аз «Ромео ва Чулетто», Боҳуй аз «Куштори як саду чордаҳ шоҳзодаи Хахоманиш», Дералд аз «Бемори хаёлӣ»-и Малер, Виштосп аз «Зардушт», Сарлашкар аз «Искандар ва Спитамен», Ҳокими шаҳр аз «Сиёҳу сафед»- и Сартр, падари Куруш аз «Куруш ва Томирис», нақши соҳиби меҳмонхона аз «Хизматгори ду хоҷа», вазир Балъамӣ аз «Рудакӣ» ва дигарон каф кӯбидааст. Нақшҳои офаридааш дар саҳнаи театру кино бояд аз зовияи касбӣ аз ҷониби ҳунаршиносон баҳо дода шаванд. Нақшҳои саҳнавӣ қисмате аз эҷодиёти ҳунарии ӯ мебошанд. Дар ин баробар нақшҳои офаридааш дар синамо низ кам нестанд, ки на танҳо дар миқёси Тоҷикистон балки дар хориҷ аз маҳбуб гардидаанд. Анор аз «Парвози занбӯр»- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз «Муҳоҷир»- и Собит Ал Валӣ, директори мактаб аз «Маҳдӣ», Устод аз «Шамсиддини Шоҳин», Озар аз «Муҳити 44-46», Нозимӣ аз силсилафилми «Дар орзуи падар» аз зумраи нақшҳои синамоии ӯ мебошанд. Силсилафилмҳои «Маҳдӣ» ва «Дар орзуи падар», ки Муҳаммадҷон Шодиев дар онҳо нақши асосиро бозидааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд. Дар ин миён кам нест, филму саҳнаҳое, ки дар он нақш офаридааст дар саҳнаҳову фестивалҳои ҷаҳонӣ ба намоиш нагузошта бошанд. Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Зимнан, бо садои ӯ мероси адабии классикон ва осори адибони имрӯз дар Радиои Тоҷикистон сабт шудаву дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз мебошад. Дар тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоише бо номи «Муҳаббат» бо коргардонии Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуд. Коргардонӣ пахлӯи нави эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Феълан, бар иловаи корҳои эҷодӣ дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон маҳорати актиёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзад.
Дар як суҳбати расонаияш Муҳаммадҷон Шодиев ваъда намудааст, ки ҳаводоронаш аз ӯ моноспектакле аз руйи ашъориЛоиқ Шералӣроинтизор бошанд. Муҳаммадҷон Шодиев, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.
Мукофот
·Ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005),
·медали «Барои хизмати шоиста» ва як қатор мукофоти соҳавӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.