расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳисор: боздошти зани 32-сола барои сайди ғайриқонунии моҳӣ

. / Ҳаводис

Ҳисор: боздошти зани 32-сола барои сайди ғайриқонунии моҳӣ

Зарари ба табиат расида беш аз 33,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сурат: dic.academic.ru
Мувофиқи санад ва маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, зарари ба табиат расонидаи номбурда 33 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад.
Чанде пеш, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак аз ҷониби кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3102” ба гумони сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт шуд. Дар дохили автамашина  580 адад моҳии навъи ширмоҳӣ будааст.
Тавре  дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки моҳиҳои навъи ширмоҳӣ, ки вазнаш 30 килограммро ташкил медиҳад, ба зани 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ дорад.
Ҳангоми бозҷӯӣ муаяйн карда шуд, ки  ин зан  моҳиҳоро аз шикорчӣ, марди 40-солаи сокини деҳаи Чинори шаҳри Ҳисор, ки аз дарё бо асбоби барқии манъкардашуда (электроудочка) сайд кардааст, харидорӣ намудааст.
Зарари он аз рӯйи ҳисоби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ 33 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.