расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » “ГУРУҲИ 24”: ШОБУДИН БАДАЛОВРО БА ТОҶИКИСТОН БУРДААНД

. / Ҳаводис

“ГУРУҲИ 24”: ШОБУДИН БАДАЛОВРО БА ТОҶИКИСТОН БУРДААНД

Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24” хабар дод, ки бар асоси маълумоти манобеи ғайрирасмиаш, узви фаъоли ин ҳаракат Шобудин Бадаловро алакай шоми 1 сентябр аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд ва ӯ ҳоло дар дасти мақомоти амнятии Тоҷикистон қарор дорад. Шобудин Бадалов субҳи 1 сентябр дар хонаи №58 дар кӯчаи Троитскийи ноҳияи Советскийи шаҳри Нижний Новгороди Русия аз ҷониби нафарони ношиноси либоси пулис дар тан дастгир шуд. Онҳо худро кормандони шуъбаи пулиси №5 муаррифӣ карданд.
«Вале ба гуфтаи адвокати Бадалов, дар шуъбаҳои №5 ва №7, ки кӯчаи Троитский ба ҳамин шуъбаҳо марбут мешавад, хабар додаанд, ки дар бораи боздошти Ш.ШБадалов онҳо ягон хабар надоранд. Дар бораи кадом мурофиаи қонунӣ нисбат вай аз ҷониби бахши муҳоҷират (ОИК ОВМ) РВКД Нижний Новгород низ маълумоте дар даст нест», - гуфта мешавад дар баёнияи «Гуруҳи 24».
Ин ҳаракати оппозитсионӣ хабар дод, ки тавассути тамоми каналҳо мавзӯи ғайб задани Шобудин Бадаловро таҳқиқ карда истодааст.
Дар баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо қарори Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Нижний Новгород соли 2019 ба Ш.ШБадалов дар қаламрави Русия то 30 августи соли 2020 мақоми паноҳандагӣ дода буданд. 23 июли соли ҷорӣ мақомоти бахши муҳоҷирати пулис дархости тамдиди замони паноҳандагии ӯро рад карда, ӯро дар ин бора рӯзи 28 июл хабар кардаанд. Шобудин Бадалов рӯзи 28 август аз ин қарор ба додгоҳи ноҳияи Сормово шикоят бурдааст, вале шикояташ ҳанӯз баррасӣ нашуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Русия то кунун хабари боздошти Бадалов ва иддаои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро то ҳол шарҳ надодаанд. Вале қаблан дар бораи чандин чунин мавриди истирдодҳои бидуни додгоҳи оппозитсионерҳои тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон хабарҳо ба даст расида буд. Ҳомиёни ҳуқуқ он мавридҳоро одамрабоӣ меноманд.
Як рӯз пеш "Гуруҳи 24” боздошти Шобудин Бадаловро ба фаъолиятҳои сиёсии оппозитсионии ӯ рабт дода, гуфта буд, ки гумон мекунад, ки ин боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Шобудин Бадалов бори аввал рӯзи 24 июн ҳамроҳ бо узви дигари "Гуруҳи 24” Раҳматҷони Маҳмад рӯзи 24 июн дар майдони Сурх дар маркази шаҳри Маскав ҳангоми пикети эътирозӣ алайҳи ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради 75-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣдастгир шуданд. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ибтидо онҳоро бо ҷурми муқовимат ба кормандони пулис ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда ва барои барои вайрон кардани тартиби баргузории пикети эътирозӣ ҳар кадомро ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст. Онҳо рӯзи 9 июл баъди адои 15 рӯзи ҳабсашон озод шуданд, вале ҳардуро дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дубора дастгир карданд ва ҳмон додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 10 июл онҳоро ин дафъа бо ҷурми намоиши рамзҳои фашистӣ боз ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ин ду узви "Гуруҳи 24” рӯзи 24 июл пурра озод шуданд.

Раҳматҷони Маҳмад ва Шобудин Бадалов рӯзи 24 июн дар майдони Сурх дар маркази шаҳри Маскав ҳангоми пикети эътирозӣ алайҳи ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради 75-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дастгир шуданд.
Рӯзи 25 июн ҳарду бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав бо ҷурми муқовимат ба кормандони пулис ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд. Додгоҳи Тверской бо як ҳукми алоҳида ҳар кадом аз ин ду оппозитсионери тоҷикро ҳамчунин барои вайрон кардани тартиби баргузории пикети эътирозӣ ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст.
Онҳоро рӯзи 9 июл дар шаҳри Маскав билофосила баъди озод шуданашон аз ҳабси 15-рӯза дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дубора дастгир гардида ва ба шуъбаи пулисиКитай-город бурданд. Ҳамон додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 10 июл Раҳматҷони Маҳмад ва Шобудин Бадаловро убора ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Додгоҳ ин бор онҳоро дар намоиши рамзҳои фашистӣ айбдор донист. Дар Русия намоиши рамзҳои фашистӣ қонунаш манъ карда шудааст.
"Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирор аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 "Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.
Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти "Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.
Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбул дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Дар он сӯиқасд Сӯҳроб Зафар ва чанд узви дигари "Гуруҳи 24” бар асари истеъмоли ғизои заҳролуд дар манзили Сулаймон Қаюмов, як зодаи ноҳияи Восеъ заҳролуд шуда буд. Додгоҳи Туркия моҳи феврали соли 2016 Сулаймон Қаюмовро бо ҷурми даст доштан дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Умаралӣ Қувватов ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Аммо фармоишгарони он куштор ва ҳамин тавр, қотили бевоситаи Қувватов то ҳол боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашонда нашудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.