расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ 10:16 06.09.2021

. / Ҳаводис

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ 10:16 06.09.2021

 Давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора маълумоти омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Шумораи одамоне, ки дар давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 20 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, 16 984 нафар мубталои коронавирус шуда, аз он16 849 нафар шифо ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷумҳурӣ аз охири моҳи июн идома дорад. Аммо, моҳи август, афзоиши сироятёфтагон майли коҳишёбӣ дорад.
Дар ин бора вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода низ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро дилпурона паси сар карда истодааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.