расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии ронандаву мусофири дағалгуфтор

. / Ҳаводис

Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии ронандаву мусофири дағалгуфтор

Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии ронандаву мусофири дағалгуфтор

Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии ронандаву мусофири дағалгуфтор

Чоп шуд аз тарафи dushanbepolice дар санаи 01.09.20 0 Comment
  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани навори ирсолнамудаи як нафар ҷавонзани сокини пойтахт, ки дар он дағалгуфтории ду нафар ҷавонписарон, ронанда ва мусофири автомашинаи сабукрав инъикос ёфтааст, ду ҷавонписари сокини пойтахт муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Инҳо шаҳрвандон:
Давлатов Рустамҷон Сайвалиевич санаи таваллудаш 21.03.1997. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳосилот, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Элантра» аломати қайди давлатиаш 2962 ЕЕ 01;
Содиқов Ҳикматулло Муқрабович санаи таваллудаш 19.04.1998. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум;
  Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас гардидан номбурдагон зимни пурсиш тасдиқ намуданд, ки дар ҳақиқат санаи 29-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 20:30 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Н. Қарабоев қарор доштанашон ду нафар ҷавонзанро, ки дар роҳ интизори автомашинаи мусофирбар будаанд, ба дохили автамашинаи худ даъват намуда, бо шунидани ҷавоби рад нисбати онҳо бадрафторӣ намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафашонро паст задаанд. Аз ҷумла ҳолати хашму ғазаб ва суханони фаҳшои шаҳрванд Содиқов Ҳикматтуло, ки мусофири автомашинаи мазкур мебошад, дар навори ба мақомоти милитсия датрасшуда низ баръало мушоҳида мегардад.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон Давлатов Рустамҷон ва Содиқов Ҳикматулло бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суди н. Фирдасии ш. Душанбе санаи 31-уми август нисбати шаҳрванд Содиқов Ҳикматулло ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз ва нисбати Давлатов Рустам бошад ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7- нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.