расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҲАМИН МАСҶИДРО АГАР НАБАНДАМ, МАН ЗАНИ ШУМО… ҶАНҶОЛУ ДАШНОМДИҲИИ ПИСАРИ МУФТИИ СОБИҚ ДАР МАСҶИД (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

ҲАМИН МАСҶИДРО АГАР НАБАНДАМ, МАН ЗАНИ ШУМО… ҶАНҶОЛУ ДАШНОМДИҲИИ ПИСАРИ МУФТИИ СОБИҚ ДАР МАСҶИД (ВИДЕО)

Рӯзи 7 май дар масҷиди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ пеш аз намози таровеҳ байни имомхатиб ва чанд намозгузор ҷанҷол шудааст. Имоми ин масҷид Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии фақиди Тоҷикистон Амонулло Неъматзода мебошад.
Дар видео  дида мешавад, ки яке аз намозгузорон аз мардумро дашном додани писари имомхатиб, ки ба ҷои падараш имоматӣ кардани ӯ мояи норозигии намозгузорон шуд, изҳори нороҳатӣ мекунанд ва Ҷамолиддин Неъматзода ба нишони ҳимоят аз писараш бо ин мард вориди баҳси бигӯбигӯ мешавад.
Имомхатиб ба мард дарафтода, аз гиребонаш медорад ва ба тундӣ мепурсад, ки “ту кӣ ҳастӣ, ки эътироз мекунӣ?”.
Ӯ мегӯяд, “як одами оддӣ аз Кӯлоб аст ва ин ҷо меҳмонӣ омадааст, вале аз оне ки ҳамагон дашном шунидаанд, нигарон аст”.
Дар ҳамин ҳамин лаҳза мулло Ҷамолидин аз гиребони ӯ дошта кашола мекунад ва мекӯшад, ки ӯро ба ҳуҷраи дигари масҷид барад.  Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, “ҳазрат ин корро накунед”, “шумо хатибед”, “айб аст”.

Вале  Ҷамолиддин Неъматзода як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз- а?”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.