расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ФАВРӢ! ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ РАҲМОНЗОДА АЛИХОН ФУТУР

. / Ҳаводис

ФАВРӢ! ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ РАҲМОНЗОДА АЛИХОН ФУТУР

Сардори раёсати экологӣ ва сайёҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур рӯзи 1 сентябр дар бемористони "1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, генерал Раҳмонзода ва ҳамсараш гирифтории бемории коронавирус шуда буданд. Ҳамсараш дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад. Ҷанозаи генерал Алихон Раҳмонзодаро рӯзи 1 сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
Алихон Раҳмонзода 10 феврали соли 1958 дар деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1987, дар саффи милитсия хидмат мекард.
Ӯ собиқаи кориашро аз ваколатдори фаврии шуъбаи сеюми раёсати кофтукови ҷиноии ВКД сар карда, то ба мақоми сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири ин вазорат ва муовини вазир расид. Алихон Раҳмонзода чанд сол роҳбарии Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияро низ бар уҳда дошт ва сипас боз ба ВКД баргашта, сардории чанд раёсат, аз ҷумла раҳбарии Хадамоти "Муҳофиза”-ро бар ӯҳда дошт. 30 октябри соли 2019 Алихон Раҳмонзода раҳбари раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, ба истилоҳ "пулиси сайёҳӣ” таъйин карда шуд.
Алихон Раҳмонзода намояндаи як хонаводаи пурнуфуз аз Данғара мебошад. Бародари ӯ генерал Раҳмонзода Лолахон Футур чандин сол раиси Агентии давлатии амволи махсус буд.
Раҳмонзода Алихон Футур– генерал-майори хизмати дохилӣсоли таваллудаш 10 феврали соли 1958, миллаташтоҷикмаълумоташОлӣ - ҳуқуқӣМукофотҳои ҲукуматӣМедали «Ҷасорат»Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣаз 1 апрели соли 1987. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:
Ваколатдори оперативи шӯъбаи 3-юми РКҶ ВКДваколатдори оперативи шӯъбаи РКД ВКДваколатдори оперативи шӯъбачаи ташкилии методии РКҶ ВКДваколатдори калони оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РКҶ ВКДсардори шӯъбаи РМЗҶМ-и ВКДсардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РМЗҶМ-и ВКДсардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКДмуовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКДсардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКДмуовини Вазирӯ низ сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлиямуовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонФармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии (3502) Қӯшунҳои дохилии ВКДКомандири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии ВКДсардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.