расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » АВВАЛИН ВИДЕО АЗ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ТОҶИКОБОДӢ

. / Ҳаводис

АВВАЛИН ВИДЕО АЗ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОҲИ ТОҶИКОБОДӢ


Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз маъруфтарин аз рӯҳониёни суннатгарои тоҷик рӯзи 14 апрел дар зодгоҳаш –  деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод ба хок супурда шуд. Дар видеое, ки ба дасти идораи сомонаи “Бомдод” расид, дида мешавад, ки  дар намози ҷаноза ва маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳ ҳазорон нафар аз муридону пайравонаш иштирок доранд.
Домулло Ҳикматуллоҳ шаби 13 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Домулло Ҳикматуллоҳ давоми рӯз сиҳату бардам буд, вале  баъди адои намози хуфтан дар бистари хобаш ногаҳон вафот кардааст.
Аз ӯ асарҳое, чун «Изохату-ш-шубха ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа», «Файзи зиёрат бо ёди Пайгамбар салаллоху алайхи ва саллам», «Хакикати баён дар баёни хакикати Нуъмон», «Асъофу-л-ахноф фи-л-хаччи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф», «Пандномаи хазрати Мавлави Мухаммадчон ал-Кори алайхи рахмату-л-бори», «Сайри ибрат дар ахди гул», «Чавшани амон аз даврони шамшери буррон» , «Ашъори Домулло Ҳикматуллохи Точикободи» ва «Акидаи салима» ба ёдгор монд.
Ӯ таълимоти аввалия ё ибтидоии диниро дар даврони Шӯравии собиқ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, баъдан дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.
Домулло Ҳикматуллоҳ бо он ки дар водии Рашт – як пойгоҳи аслии мухолифини солҳои 90  – зиндагӣ мекард, дар кашмакашҳои сиёсиву мазҳабии даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳукумат ҷонибдорӣ кард ва мардумро ба қатъи мухолифати мусаллаҳона ва оштӣ бо нирӯҳои ҳукуматӣ даъват мекард.
Домулло Ҳикматуллоҳ дар назди нухбагони сиёсии ҳукумати имрӯза, аз ҷумла дар назди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ, аз эҳтироми вижае бархӯрдор буд ва Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориаш ба водии Рашт маъмулан ба хонаи ин рӯҳонии маъруф ташриф меовард ва аз ӯ зиёрат мекард.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.