расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » "Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузашт

. / Ҳаводис

"Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузашт


Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, аз рӯҳониёни саршиноси кишвар дар синни 80 - солагӣ аз олам даргузашт.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар ин бора яке аз ҳамдиёрони рӯҳонии шинохта ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қалби рӯҳонии шинохта шаби гузашта аз тапидан бозмонд.
"Мутаассифона домулло шаби гузашта, пас аз ифтор, дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон даргузаштанд", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои ӯ маросими ҷанозаи рӯҳонии шинохта имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Тоҷикобод пеш аз намози пешин доир мешавад.
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос ва ходими илмиву ҷамъиятии тоҷик Ҳикматуллои Тоҷикободро яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар ва шахсияти сатҳу аҳаммияти умумимиллӣ хондааст.
"Бо рафтани ин руҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт", - навиштааст Раҳнамо.Абдуллоҳ Раҳнамо, мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон  - Sputnik ТоҷикистонАбдуллоҳи Раҳнамо,сиёсатшинос ва ходими илмиву ҷамъиятии тоҷик
Ӯ гуфтааст, бо рафтани рӯҳонии шинохта муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд.
Ба гуфти ӯ, будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат.
Фатҳуллоев Ҳикматуллох маъруф ба Домулло Ҳикматуллохи Точикободи соли 1941 дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод дар хонаводаи дехқон ба дунё омадааст.
Марҳум таълимоти ибитдоии диниро аз рӯҳониёни саршинос Мулло Неъматулло, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хуҷаи Кӯлобӣ, Домуллоҳ Шералии Андиҷонӣ ва инчунин Мавлавӣ Ҳиндустони гирифтааст.
Ӯ аз олим ва донишманди фарҳехтаи ислом буд, ки мактаби худро дошт, ки дар он садҳо шогирдон ба воя расидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.