расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷиноятҳои авбошӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷиноятҳои авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 16-уми феврали соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Сари-пули ҷамоати шаҳраки мазкур қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 45-солаи сокини шаҳраки мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагӣ бо мақсади задан ба ӯ дарафтодааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 9 ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбаршаванда дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, аз ҳиссиёти авбошӣ дар назди толори МТМУ №2 бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, як нафарашон бо корди қатшавандаи кисагӣ 1-маротиба ба қисмати пушти дигараш задааст.
Дар натиҷа нафари захмигардида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.