Содир гардидани ҷинояти авбошӣ аз ҷониби ноболиғон
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 16-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ дар назди хонаи истиқоматиашон бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур аз ҳисиёти авбошӣ бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, ҳамдигарро лату кӯб намудаанд.Сипас ноболиғи 16-сола бо корд 1-маротиба ба шиками ноболиғи 17-сола задааст ва ноболиғи 17-сола бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қафаси синаи ноболиғи 16-сола задааст. Дар натиҷа ҳардуи ноболиғон ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.