расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад дастшӯи алюминӣ ва 4 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 50-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 19 ба 20-уми марти соли 2021, тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз доҳили автомашинаи шахсиаш тамғаи “БМВ”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 1-адад калиди автомашина ва аз бағоҷаш 9 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.