расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

. / Ҳаводис

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи муваққатан истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Усмони шаҳри Хуҷанд аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамхонааш ҷавони 19-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо оҳанпора 1-маротиба ба сари ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.