расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ифшо гардидани дуздии маблағҳои пулӣ

. / Ҳаводис

Ифшо гардидани дуздии маблағҳои пулӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми марти соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) 400 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми марти соли 2021, тахминан соати 10:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 6 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.