Бо корд захмӣ намудани писар аз ҷониби модар
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми марти соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо модараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, модараш ӯро таҳдиди куштан намуда, бо корди ошхонагӣ ба даст ва пушташ задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.