расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

. / Ҳаводис

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 3-юми марти соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ду тепловози бекорхобида, ки дар КФ “Пойгоҳи Локомотивии минтақаи Суғд” КВД РОТ қарор доштанд, 174-метр ноқилҳои мисиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 212 ҳазору 180-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, барои дастгир намудани шарикаш ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Бохтар, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Номбурдагон, 4-уми марти соли 2021, тахминан соати 11:00, ҳангоми дар маршрути хатсайри №25-и пойтахт қарор доштани марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-5”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.